ABNA24 : Таркович, муовини Шӯрои вазирон ва вазири умӯри хориҷаи Босния ва Иброҳм Муҳаммад, вазири гардишгарии Гана ба манзури ширкат дар маросими савгандёди Саидиброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии ҷадиди Эрон, вориди Теҳрон шуданд.
Ҳамуда Сабоғ, раиси маҷлиси Сурия, ки ба манзури ширкат дар ин маросим ба Теҳрон сафар кардааст, низ дар бадви вурӯд мавриди истиқболи Аббоси Гулру, узви Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва ноибраиси Гурӯҳи дӯстии порлумонии ду кишвар қарор гирифт.
То ин лаҳза 115 мақоми расмӣ аз 73 кишвари ҷаҳон барои ҳузур дар маросими Савгандёд эъломи омодагӣ кардаанд, ки 10 раиси кишвар дар тарози сарони кишварҳо, 20 раиси маҷлис, 11 вазири хориҷа, 10 нафар аз вазирони дигар кишварҳо ва ҳамчунин фиристодаи вижа ва ноибони раисони маҷолис, раисони комиссиюнҳо ва ҳайатҳои порлумонӣ дар ин маросим ҳузур пайдо мекунанд.
Ҳамчунин раисон ва мақомҳои ёздаҳ созмони байналмилалӣ ва минтақаӣ, намояндаи дабири кулли Созмони милал, раиси ОПЕК ва мақомоте аз IPU, Иттиҳодия Аврупо, Авруосиё, Иттиҳодияи байналмаҷолиси кишварҳои исломӣ ва осиёӣ, созмони ЭКО, Sika ва D8, ки барои ҳузур дар ин маросим даъват шуданд, эъломи омодагӣ карданд.
Маросими савгандёди раисиҷумҳури ҷадиди Эрон, рӯзи панҷшанбеи ин ҳафта дар саҳни алании Маҷлиси Шӯрои Исломӣ баргузор мешавад.
342/